Архив January 2019

Верталётам па Блакітным узбярэжжы

«Таъмиди чархболӣ» (фар. un baptême en hélicoptère) —фаронсаҳо дар бораи барномаҳои саёҳатӣ аз болои Соҳили Лоҷвардӣ маҳз чунин сухан мекунанд. Воқеъан, зимни саёҳати ҳавоӣ дар канори «мошинаи парравинтӣ» дар чунин ҳолати романтикӣ, таги зебогиҳои тааҷҷубовари табиӣ, худро аз нав таваллудшуда эҳсос кардан мумкин. Яъне – ба кадом асрори аҷоиб бахшидашуда, ки онро танҳо чунин тарзи «беҳавоӣ» – тавассути адреналин ва тарси андакӣ дар шинемани амалан кушодае, ки дар даруни он аз манзараҳои панорамавӣ дар замину осмон сайёҳро танҳо шиша ҷудо мегардонад, воқиф гаштан имконпазир аст.

Саёҳатҳои чархболӣ аз болои Соҳили Лоҷвардӣ дар Фаронса аз брокери аккредитатсияшудаи авиатсионии AVIAV TM (Cofrance SARL) — ин аст хотираҳо ва саёҳате, ки онро эҳсос бояд кард. Вале, ба ғайр аз романтикаи нодире, ки дар ҷустуҷӯи он миллион сайёҳон ба Ривераи Фаронсавӣ парвоз мекунанд, чархболи Нисса – Монако барои касоне, ки тавассути рейсҳои мунтазамӣ ё ҳавопаймои шахсӣ ба фурудгоҳи «Кот д’Азур» дар рӯзҳои фестивалҳои достонӣ – синамо ё раллии машҳур сафар менамоянд, роҳи наҷоти аслӣ мегардад. Дар чунин давраҳо шоҳроҳҳо одатан пур аз мошинаҳо мебошанд ва роҳе, ки одатан бист – сӣ дақиқаро талаб мекунад, як чанд соат тӯл кашида метавонад. Аммо, албатта, чунин ҳолат ба касоне, ки ҳамаашро пешакӣ ташвиш намуда, трансферро тавассути чархбол аз фурудгоҳи Нисса саривақт фармоиш дод, тааллуқ надорад.

Таксии ҳавоӣ дар замони мо, махсусан дар чунин ҷаҳони гламурии муосир мисли Ривераи Фаронсавӣ, боз ҳам машҳуртар мегардад. Вале, баъзеҳо то ҳол ҳисоб мекунанд, ки нархҳо ба чархбол дар Нисса танҳо барои ситораҳои синамо дастраст мебошанд. Занг занед ё тариқи тарзи ба шумо қулай бо кормандони AVIAV TM (Cofrance SARL) тамос кунед ва шумо мефаҳмед, ки ҳамин тавр не ва ҳар як сайёҳ дар Соҳили Лоҷвардӣ дар Фаронса чархболро басанда ба худ раво дида метавонад!

Сифат дар баландӣ

 

Нархи трансфери ҳавоӣ ё саёҳати чархболӣ аз шумораи нафарон дар канор, ғунҷоиш ва навъи худи «мошинаи парравинтӣ» вобаста мешавад Фаромӯш накунед, ки чӣ қадар шумо дӯстон ё ҳатто ҳамсояҳои ҳавопаймоии зиёдро бо худ ба чархбол даъват кунед, ин қадар трансфер то ба ҷои таъиншуда барои шумо арзонтар мегардад. Бо аҳли зиёд ё кулли оила саёҳат кунед ва танҳо бо таъминкунандагони хизматрасониҳои санҷидашуда ҳамкорӣ намоед! AVIAV TM (Cofrance SARL) кафили ҷиддии сифати саёҳатҳои ҳавоӣ дар Соҳили Лоҷвардии Фаронса мебошад.

Мо ба шумо тариқаи беҳтарин – сафари аз ҳама тез, хушманзараю бароҳатро аз Монако ба Нисса пешкаш менамоем. Пас аз чунин саёҳати ҳавоӣ шумо ба нишемани автомобили оддӣ баргаштан намехоҳед!

Тибқи дархостатон дар канори чархбол аз  AVIAV TM (Cofrance SARL) ба шумо хизматрасониҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • кейтеринги ҳар шавқу маза,
  • ҳамроҳии роҳбалад, барандаи саёҳат, тарҷумон,
  • мусиқӣ тибқи дархост,
  • ороиши канори киштии ҳавоӣ (масъалан, бо гулҳои зинда).

 

Чархбол ба Канн бешубҳа ба ҳамаи ҳаводорони синамо зарур мешавад, зеро онҳо, албатта, саривақт ташриф овардани фестивали синамои достониро хоҳиш мекунанд, то ки намоиши муштоқона ё пайдоиши тантанавори Анҷелина Ҷолиро дар болои пойандози сурх надида намонад. Ӯ шояд дилрабо бошад!

Ба туфайли вуҷуди Фурудгоҳи байналмилалӣ, Нисса яке аз нуқтаҳои зарурии таъиншуда то ба ташрифи Канн мебошад. Бинобари гузаронидани чорабиниҳои бисёри машҳури ҷаҳонӣ, ба мисли фестивали Канн ё Шерҳои Канн, ин шаҳр – яке аз ҳама ҷойҳои гламурӣ ва ҷалбкунандаи Ривераи Фаронсавӣ ба ҳисоб меравад. Трансфер байни Канн ва фурудгоҳи Нисса – ин сафари оддатии саёҳону сокинони маҳаллӣ мебошад. Трансфери чархболии Нисса – Канн – тарзи аз ҳама тезу бонуфӯзи сафар то ба Круазетти достонзеб мебошад.

 

Ба Ривераи Фаронсавӣ боҳашамату босамара парвоз кунед!

 

Парвоз аз болои «Камари заррин»

Саёҳати чархболӣ ба харсангҳои сурхи Эстерел пеш аз ҳама саёҳат ба ҷаҳони фантастикии тобишҳои рангҳо: ҳиштии сурхе, ки баъзан ба рангҳои заррин, баъзан ба рангҳои қаҳвагӣ табдилёфтаи кӯҳпораҳо, санавбарҳои сабз, обҳои фирӯзаранг, кабудии боҳашамати осмон, ки аз уфуқ дур гузашта бо баҳр пайваст мешавад, хоҳад гашт. Агар шумо чашидани романтикаи аслии фаронсавӣ, тамошои манзараҳои нодири табиие пур аз рангҳое аз тасвирҳои импрессионистҳо фаромада, хоҳиш дошта бошед, вақти занг задан ё тариқи ҳар тарзе ба шумо қулайбуда ба брокери аврупоии авиатсионии санҷидашудаи AVIAV TM (Cofrance SARL) тамос кардан ва саёҳатро ба харсангҳои сурхи Эстерел фармоиш додан фаро расидааст.

Аҷоиб аст, ки вобаста аз вақти шабонарӯз майдони пурасрори Эстерел (фар. Massif de l’Esterel) рангҳои хешро иваз мекунад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз хотираҳои сайёҳон дар субҳ, рӯз ва бегоҳӣ низ гуногун мешаванд. Ва, дар мавсимҳои хархела, албатта, мухталиф мебошанд. Як чанд саёҳатҳои чархболиро ба тарафи харсангҳои сурхи Эстерел ба шумо пешкаш мекунем ва шумо имконияти муқоиса намудани эҳсосҳои хешро дар ҳар вақти солу шабонарӯз пайдо менамоед. Баргаштан ба Соҳили Лоҷвардӣ дар Фаронса доимо гуворо аст.

Ги де Мопассан мегуфт, ки харсангҳои Эстерел тасвире «бо акварел дар таги осмони бутафорӣ бунёднамудаи эҷодкори меҳмоннавоз» мебошанд. Ва воқъеан, ҳар касе, ки харсангҳои сурхи Эстерелро ташриф овардааст, чизе боҳашамат, бузург, ибтидоии мақсади олиро эҳсос менамояд. Зимнан, инро аз баландии парвози паранда, ки дар он вақт ҳар як ҷузъи манзараи «ҷидди»-и мазкур, ҳар як тобиши кӯҳпораҳои бошукӯҳ ва баҳри дар поёни онҳо паҳншударо ҳисс карда мумкин.

 

Зебогӣ дар ҳар як қадам

Саёҳати чархболӣ ба харсангҳои сурхи Эстерел – ин саёҳат ба ҷаҳони фантастика бо тобишҳои нодири рангин барои калонсолону кӯдакон, бо роҳравҳои ғоратгарон ва сирри антикӣ, ин асрори романтикӣ барои дилдодагон, кашфиёти аслӣ барои шахсони эҷодкор ва ҳамту роҳати ҷон аст. Маҳз чунин тӯҳфаи беҳамторо ба шумо ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) тақдим мекунад, ки бо чунин хусусиятҳо номдор мебошад:

  • муносибати индивидуалӣ нисбати ҳар як мизоҷ;
  • сифати бенуқсони сервис;
  • малакаи касбии дастаи хеш;
  • тақризҳои зиёди мизоҷони розишуда;
  • пунктуалӣ ва саривақтии чораҷӯӣ;
  • интихоби калони киштиҳои ҳавои ва хатсайрҳо;
  • маҷмаъаи хизматрасониҳои иловагӣ: ҳамроҳии роҳбалад, тарҷумон, кейтеринг дар канор;
  • муносибати боваринок ва таҳфифҳо барои мизоҷони доимии хеш.

Агар шумо дар Соҳили Лоҷвардӣ дар Фаронса ё ҳар шаҳри дигари аврупоӣ ё, ҳатто, дар Русия қарор дошта бошед ва орзу доред, ки ба харсангҳои пурасрори сурхи Эстерел тавассути чархбол сафар кунед, хоҳиши хешро боқӣ намонед. Зеро ин кӯҳпораҳои фантастикӣ намуди худро ҳар дақиқа иваз менамоянд ва аз ҳама шавқовараашро надида монда метавонед. Ба AVIAV TM (Cofrance SARL) занг занед ё тариқи тарзи ба шумо қулайбуда: онлайн ё тавассути дархост дар сомона, ба мутахассисони мо муроҷиат кунед. Моён дар шабонарӯз 24 соат ва дар ҳафта 7 рӯз дар тамос ҳастем.

Марҳабо ба ҷаҳони романтикаи харсангҳои сурхи хушманзари Эстерел!

 

Аз пайи Наполеон — тавассути чархбол ба Голф-Жуан

Миллионҳо сайёҳон Соҳили Лоҷвардии Фаронсавиро ташриф меоваранд, бисёри онҳо боз ва боз ба ин ҷо бармегарданд ва шумораи истироҳаткунандагон нисбат ба аҳли маҳаллӣ ҳатто дар вақти берун аз мавсим зиёд мебошад. Сайёҳонро ба Ривераи Фаронсавӣ чӣ ҷалб менамояд? Чаро пешакӣ ба иҷора гирифтани чартер ба Нисса на танҳо ситораҳои синамо, балки сайёҳои оддӣ мешитобанд? Read More

Танҳо ситораҳо болотаранд

Бесаросемагӣ ва боазамат тавассути чархбол аз болои Каннаи гламур дар Соҳили Лоҷвардии  Фаронса парвоз карда, худро супер-ситора эҳсос кунед! Саёҳати чархболии Круазетт аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба шумо на танҳо манзараҳои тааҷҷубовари панорамавӣ, эҳсосҳои фаромӯшнашавандаи «ситора»-ро тақдим мекунад, балки ҳузуру ҳаловати беҳамторо дар канори киштии ҳавоии баиҷорагирифташуда таъмин менамояд. Read More

Парвози таъсирбахш дар партгоҳи хушманзара — Дараи Вердон

«Гулӯи Вердон» — маҳз ҳамин тавр номи яке аз дараҳои номдору барҷастаи Фаронса — Вердон (фар. Gorges du Verdon) тарҷума карда мешавад. Воқеъан ҳам, ин «муҷассамаи» табиӣ бо намуди тааҷҷубовари худ ба гулӯи дарозу хеле ҷуқур монандӣ дорад, ки он, гӯё ҳама чизе ба дарунаш фаромадаро фурӯ дода метавонад. Read More

Саёҳати ҳавоӣ ба ҷазираҳои пурасрор

Ҷазираҳои Леринс, ки дар баҳри Миёназаминӣ дар наздикии Соҳили Лоҷвардии Фаронса мавқеъ гирифтаанд, бо сирри пайдоиш ва таърих, романтика, зебогии ибтидоии табиат ва эҳсоси беназири тааллуқдорӣ ба ҷаҳони дигар, шавқоваранд. Read More

Тавассути чархбол ба афсонаи зимистонаи кӯҳӣ-лижаронӣ

Куршевел — аз ҳама гарон, пурнур, таъсировар, мафтунгарон, оламоро, бешубҳа, машҳуртарин ва бошукӯҳтарин осоишгоҳи Алпҳои Фаронсавӣ мебошад, ки ҳар кас ақаллан як маротиба  ташриф овардани онро орзу мекунад. Read More

Чархбол ба ҷаҳони гламури Сен-Тропе

Деҳаи пештараи хурди моҳигирон дар Соҳили Лоҷвардии Фаронса бо номи назарногири Сен-Тропе имрӯз чун осоишгоҳи пляжие аз ҳама муд, гламур, «гармуҷӯшон», боҳашамат дар тамоми ҷаҳон машҳур гаштааст. Агар шумо хоҳиш доред, ки дар ин ҷаҳони дабдабаноки шахсони номдори зери офтоб сиёҳшуда «дар тренд» бимонед ва «аз они худӣ» ба ҳисоб равед, тавассути чархбол ба Сен-Тропе саёҳат кунед. Read More