Тавассути чархбол ба афсонаи зимистонаи кӯҳӣ-лижаронӣ

Тавассути чархбол ба афсонаи зимистонаи кӯҳӣ-лижаронӣ

Куршевел — аз ҳама гарон, пурнур, таъсировар, мафтунгарон, оламоро, бешубҳа, машҳуртарин ва бошукӯҳтарин осоишгоҳи Алпҳои Фаронсавӣ мебошад, ки ҳар кас ақаллан як маротиба  ташриф овардани онро орзу мекунад.

Ва барои ин ҳатман ҳаводори лижаронии кӯҳӣ будан лозим нест, кофӣ аст, ки дӯстдори, масъалан шопинг, бошед – дар Куршевел бисёр бутикҳои бонуфӯзи либос, атриёт ва дигар «майдамаснуоти» қимат кушода шудаанд ва барои «шикор»-и онҳо аз ҳар кадом гӯшаю канори ҷаҳон, ба хотири ҳузуру ҳаловат ҳавопаймо ё чархболи шахсиро ба иҷора гирифта, сафар кардан мумкин. Имрӯз ин аллакай орзу нест – брокери авиатсионии русзабон аз Фаронса AVIAV TM (Cofrance SARL), ки зиёда аз ҳашт сол ба сайёҳони VIP хизматрасониҳои зиёдеро пешкаш менамояд, ба шумо имконияти нодири иҷораи чархболро дар Куршевел пешниҳод мекунад.

Хеликоптерро дар ҳар вақти шабонарӯзӣ тариқи ба шумо қулайбуда фармоиш додан мумкин: онлайн, WhatsApp, Viber, дар сомонаи ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL). Ҳамин тавр, фармоиш аз ҳар гӯшаю канори сайёра имконпазир аст ва парвоз, тибқи дархости шумо, аз ҳар шаҳри Фаронса, Монако, Аврупо ё Россия, мамлакатҳои ИДМ амалӣ карда мешавад. Тасаввур кунед, ки шумо чанд рӯзона ба Нисса омадед, вале обуҳавои офтобӣ ва истироҳати пляжӣ шуморо тез дилгир карданд ва шумо манзараҳои барфӣ ва экстрими лижаронии кӯҳиро хоҳиш доред. Дар ин сурат вақти зангзанӣ ба AVIAV TM (Cofrance SARL) — офиси марказии ширкат маҳз дар ин шаҳри Ривераи Фаронсавӣ ҷойгир аст – ва фармоиши чархбол ба Куршевил фаро расид. Агар шумо якҷоя бо кулли оила ва фарзандон истироҳат кунед, ба шумо саёҳатҳои чархболӣ аз болои Куршевел махсусан маъқул мешаванд. Аз болои парвози паранда аз тамошои водиҳои барфии осоишгоҳи номдору бошукӯҳ дар фасли зимистон ҳаловат бурдан – ин тӯҳфаи аслии солинавӣ аст, ва дидани водиҳои кабуд ва доманаҳои ҷаридори ин ҷои беназир бидуни барф дар фасли тобистон – ин афсонаи нотакроре аст, ки ба шумо AVIAV TM (Cofrance SARL) бо хушнудӣ тақдим мекунад.

 

Нуфӯз ва бошукӯҳӣ  

 

Осоишгоҳи муосири «бисёрзинавӣ»-и Куршевел, ки дар як чанд қабад мавқеъ гирифтааст ва онҳоро аз оинаи хеликоптер тамошо кардан зеле шавқовар аст, пешкаш менамояд:

  • хатсайрҳои ободгардидаи лижаронии кӯҳӣ барои варзишгарони аслӣ ва ҳаводорон, яъне, барои шахсоне омодагиашон гуногун;
  • ҳамаи шароитҳо барои шопинги боҳашамат «дар баландӣ»;
  • тарабхонаҳои бошукӯҳи сатҳи Мишлен, ки ба онҳо садафакҳо ва дигар маҳсулоти баҳрии наву тоза тавассути чархбол ҳар рӯз оварда мешаванд;
  • майдони яхмолакпарӣ, картинг, боулинг дар болои ях, чанаҳо, сквош, сноуборд;
  • шухпаймоӣ;
  • велосипеди кӯҳӣ;
  • манзараҳои беназири панорамавӣ;
  • хотираҳои фаромӯшнашаванда, қувваи нав, адреналин ва рӯҳбаландӣ;
  • ҳамаи имкониятҳо барои истироҳатӣ оилавӣ дар зимистону тобистон.

Ба Куршевел дар шароитҳои аз ҳама бароҳату бошукӯҳ дар канори чархболи шахсие, ки ҳар вақт дар AVIAV TM (Cofrance SARL) ба иҷора гирифта метавонед, сафар кунед. Мо пешкаш мекунем:

  • нархҳои боинсофу дастрас,
  • малакаи баланди касбии дастаи парвозии мо,
  • бехатарии парвоз,
  • диққаткории дастаи мо,
  • дар вуҷуди хоҳиш — кейтеринг дар канори киштии ҳавоӣ,
  • таҳфифҳо барои мизоҷони доимӣ,
  • маҳфияти ҷиддӣ,
  • дар вуҷуди хоҳиш ҳамроҳии барандаи экскурсия ва роҳбалад, ки дар бораи мавзеҳо ва ҷойҳои тамошобобе, ки аз болои онҳо парвоз мекунед, ба таври муфассал нақл карда метавонанд.

Дар ҳар сурат саёҳати чархболӣ аз болои Куршевел дар хомӯшӣ нахоҳад гузашт – сарнишини хушмуомила тамоми парвозро шарҳ дода, техникаи бехатарӣ ва «фурудоии форам»-ро кафолат медиҳад.

 

Амалигардонии орзуатонро шитобед — чархболро ба Куршевел ба иҷора гиред!

t98books

Comments are closed.