Парвози таъсирбахш дар партгоҳи хушманзара — Дараи Вердон

Парвози таъсирбахш дар партгоҳи хушманзара — Дараи Вердон

«Гулӯи Вердон» — маҳз ҳамин тавр номи яке аз дараҳои номдору барҷастаи Фаронса — Вердон (фар. Gorges du Verdon) тарҷума карда мешавад. Воқеъан ҳам, ин «муҷассамаи» табиӣ бо намуди тааҷҷубовари худ ба гулӯи дарозу хеле ҷуқур монандӣ дорад, ки он, гӯё ҳама чизе ба дарунаш фаромадаро фурӯ дода метавонад.

 

Дараи Вердон дар асл оббурдаи оҳаксанг буда, аз ибтидои асрҳо ба назди худ танҳо ҷасуронро иҷозат медод.

Зимнан, чунин ҷои хушманзару дар даврони имрӯза номдор, то ба асри XIX, ки дар он вақт  ба ин ҷо романтикҳои ашаддӣ дар ҷустуҷӯи саргузаштҳо сафар мекарданд, касеро ҷалб намекарда. Айни замон дар гирдуатрофи дараи Вердон на танҳо бо сайёҳони ашаддие, ки санҷиши хатсайрҳои хатаровари кӯҳӣ ва салронӣ тавассути дарёи байни харсангҳо шоридаистода кӯшиш доранд, балки бо рассомони бисёршуморае, ки ҳамаи инҳоро: зебогии ибтидоии оббурда ва ситезаҷӯёни ҷасур, тасвир доданро саросеманд рӯбарӯ шудан мумкин.

Агар шумо яке аз онҳо шуданро бидуни хавф ба ҳаёти хеш ва хатари аз хатсайри танги пиёдагардӣ ба ҷар афтодан авлотар шуморед, ҳамчунин эҳсоси ҷиддӣ ва аз манзараҳои ҷалбкунанда ҳаловат бурданро хоҳиш дошта бошед, аз пешниҳоди беҳамтои брокери авиатсионии санҷидашудаи AVIAV TM (Cofrance SARL), ки муддати солҳои бисёр хизматрасониҳои хешро дар Фаронса, Монако ва Аврупо пешкаш мекунад, истифода баред. Мо ба шумо пешниҳод менамоем:

  • тариқи саёҳати чархболӣ дар Фаронса аз дараи Вердон шиносо шудан;
  • ҳузуру ҳаловат ва бехатарӣ дар канори киштии ҳавоӣ;
  • маҳфияти пурра;
  • хизматрасонии VIP дар канор;
  • экипажи бомалака;
  • нархҳои аз ҳама демократӣ;
  • таҳфифҳо ба мизоҷони доимӣ.

 

Саёҳати ҳайратовари чархболӣ аз болои Вердон

 

Парвоз дар ҳеликоптер аз болои дараи Вердон бо дастаи таҷрибадор ва, дар вуҷуди хоҳиш, бо ҳамроҳии роҳбалад ва тарҷумон ба шумо ҳаловати фаромӯшнашавандаро мебахшад. Аз баландии парвози паранда шумо ба зебогии макони мазкуре, ки дар байни  департаментҳои Алпҳои Прованси Болоӣ ва Вар мавқеъ гирифтааст, баҳо дода метавонед. Чуқурии оббурдаи мазкури фаронсавӣ аз оинаи чархбол ҷиддан тааҷҷӯбовар ба назар мерасад, зеро он 700 метрро ташкил медиҳад. Дар давраҳои қадим одамон ба поёни дараи Вердон фаромаданро таваккал намекарданд ва танҳо баъзе дарахтбурон ба хотири ҷустуҷӯи дарахтҳои камчин тавассути арғамчин ба он ҷо мефаромаданд. Имрӯз ба дараи Вердон на барои зиндагиро ба сар бурдан, балки, баръакс, барои таваккал ва ҷидду ҷаҳди беназирро чашидан ва бузургии табиати макони беҳамтои мазкурро эҳсос кардан меоянд.

Парвоз тавассути ҳеликопетар аз болои дараи Вердон – ин шоуи калони аслӣ мебошад. Дар гирдуатрофи масофати ҳифзшавандаи табиӣ, манзараҳои ба назари сайёҳӣ пешкашшуда ҳайратоваранд ва деҳаҳои маҳаллие, ки дар лаби тарқиш мавқеъ гирифтаанд, дилрабоии қадимаи провансалиро эмин нигоҳ доштаанд. Ба канори чархбол савор шавед ва ин макони аҷоибро барои худ кушоед – парвози мазкур аз хотири шумо ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

 

Барномаи саёҳати чархболии шумо дар болои дараи Вердон

 

– Пешвоз дар майдончаи чархболӣ, ки дар он ҷо сарнишин аллакай шуморо дар канори киштии ҳавоӣ интизор шуда, ба саёҳат таклиф мекунад.

– Шиносшавӣ бо дастуруламали техникаи бехатарӣ ва нақшаи саёҳати чархболии шумо пеш аз парвоз.

– Вақте, ки ҳамаи иштироккунандагон ҷойгир мешаванд, чархбол ба боло баромада дар гирди дараи Вердон муддати 1 соат ё зиёда аз ин, агар чизеро тамошо карданро вақт нарасида бошад, парвоз мекунад.

– Зимни саёҳат шумо аз тамошои ҷойҳои зерин ҳаловат бурда метавонед:

 

  • Харсангҳои бузурги оҳаксангии дараи Вердон, ки чанд километр тул кашидаанд;
  • Кӯли Сент-Крус ва обҳои фирӯзаранги он;
  • Деҳаҳои провансалии: Мустьер-Сент-Мари, Эгин, Ля-Палюд-сюр-Вердон, Бодуэн ва ҳоқазо.

 

– Дар хотимаи парвози чархболӣ шумо ба нуқтаи ибтидоӣ бармегардед.

 

Хусусиятҳои саёҳати чархболӣ

 

Вобаста аз шумораи мусофирон ба шумо навъҳои гуногуни чархболҳо пешкаш шуда метавонанд.

 

Маълумоти манфиатбахш

 

– Кӯдакони синну солашон аз 2 то 12 сол бояд бо ҳамроҳии калонсолон бошанд;

– Зимни парвоз дар бораи гирдуатрофи дараи Вердон шарҳ дода мешавад;

– Ҳамаи мусофирон имконияти тамошои панорамавии масофати парвозро хоҳанд дошт.

 

Имконияти беҳамтои тадқиқи дараи Вердонро аз баландии парвози паранда аз даст надиҳед!

 

 

 

t98books

Comments are closed.