Танҳо ситораҳо болотаранд

Танҳо ситораҳо болотаранд

Бесаросемагӣ ва боазамат тавассути чархбол аз болои Каннаи гламур дар Соҳили Лоҷвардии  Фаронса парвоз карда, худро супер-ситора эҳсос кунед! Саёҳати чархболии Круазетт аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба шумо на танҳо манзараҳои тааҷҷубовари панорамавӣ, эҳсосҳои фаромӯшнашавандаи «ситора»-ро тақдим мекунад, балки ҳузуру ҳаловати беҳамторо дар канори киштии ҳавоии баиҷорагирифташуда таъмин менамояд.

Аз парвози муназзам дар чархбол аз болои Соҳили Круазетти Канн, макони доимии «ҷойгиршавии ситораҳо» ва эҳсоси тааллуқдорӣ ба онҳо чизе бештар нест. Мусиқии Патрисия Кассро гӯш карда, бо тарзи «R»-и беҳамтояш сақав-сақав ҳарф задан. Шампани хунукро чашида, андар авҷи кайфу ҳаловат дар болои мавҷҳои лоҷвардӣ худро эҳсос кардан, бо сарнишини хушмуомила сӯҳбат кардан ё ҳамту овози винтҳои мошинаи пурқуввати парравинтиро гӯш кардан.

Ба иҷора гирифтани чархбол дар AVIAV TM (Cofrance SARL) — ин аст сафар ба ҷаҳони амалишавии орзу дар бораи Соҳили Лоҷвардӣ, доштани имконияти «оғушгирии» он аз баландӣ ва ба як чанд дақиқа зебогиҳояшро соҳиби кулл гаштан, ки танҳо аз баландии садҳо метр ба назар кушода мешаванд ва баҳри эҳсоси қобилияти ниҳоии инсонии хеш кофӣ мебошанд.

 

Дар авҷи шӯҳрат

 

Канн ба меҳмонони хеш воқеъаҳои зиёдеро, ки муддати сол сайёҳони бисёрро ҷалб менамоянд, пешкаш мекунад: кинофестивали номдор, яхт-шоу, ярмаркаи байналмилалии амволи ғайриманқул.

Фармоиш додани чархболро ба Канн аз фурудгоҳи Нисса шитобед, то ки ба чорабинии банақшагирифташуда ё ҷашн, бидуни тиққаҳои бисёркилометра дар даромади шаҳр, ки дар рӯзҳои фестивалҳо ба вуҷуд меоянд, саривақт ҳозир шавед.

Аз болои соҳили гламури серодами Круазетт тавассути чархбол парвоз карда, шумо хешро мисли ситораи синамо эҳсос хоҳед кард.

AVIAV TM (Cofrance SARL) пешкаш мекунад:

  • муносибати индивидуалӣ,
  • сервиси босифати сатҳи ситораҳои синамо,
  • базаи калонҳаҷми киштиҳои ҳавоӣ,
  • иҷроиши бенуқсони ҳамаи шартҳо,
  • кейтеринг тибқи дархост дар канори киштии ҳавоӣ,
  • хизматрасониҳои барандаи саёҳат, роҳбалад, тарҷумон, тибқи дархост,
  • дастаи касбии парвозӣ,
  • мастер-класс доир ба идораи чархбол, тибқи дархост,
  • хизматрасониҳои иловагӣ: трансфер, ҷобаҷокунӣ, барномаи хушҳолӣ дар Соҳили Лоҷвардии Фаронса,
  • маҳфияти пурра,
  • нархҳои дастрасу оптималӣ,
  • бехатарии ҷиддӣ дар вақти парвоз,
  • таҳфифҳо ва имтиёзҳо барои мизоҷони доимии хеш.

 

Барои парвози бенуқсони шумо аз болои соҳили Круазетт, ки, ҳамчунин, бо саёҳатҳои шавқовар ба назди ҷазираҳои Леринс ё харсангҳои сурхи Эстерел илова шуда метавонад, дар соату вақти муқарраршуда сарнишини босалиқа шуморо барои саворшавӣ дар назди зинапояи чархбол интизор мешавад. Командири киштӣ шуморо бо техникаи бехатари шинос мегардонад ва қадаҳҳоро бо майи пурҷӯш пур мекунад – ва роҳи сафед мегӯяд!

 

Дилпур бошед — ҳамааш тибқи стандартҳои орзуи аз ҳама ҷиддии шумо дар бораи Соҳили Лоҷвардӣ амалӣ мегардад!

 

 

t98books

Comments are closed.