Аз пайи Наполеон — тавассути чархбол ба Голф-Жуан

Аз пайи Наполеон — тавассути чархбол ба Голф-Жуан

Миллионҳо сайёҳон Соҳили Лоҷвардии Фаронсавиро ташриф меоваранд, бисёри онҳо боз ва боз ба ин ҷо бармегарданд ва шумораи истироҳаткунандагон нисбат ба аҳли маҳаллӣ ҳатто дар вақти берун аз мавсим зиёд мебошад. Сайёҳонро ба Ривераи Фаронсавӣ чӣ ҷалб менамояд? Чаро пешакӣ ба иҷора гирифтани чартер ба Нисса на танҳо ситораҳои синамо, балки сайёҳои оддӣ мешитобанд?

Чавобҳоро ба саволҳои мазкур дар иқлими беназир ва ҳавои форами ин макон, дар ҷойҳои тамошобобу шароитҳои бунёдсохтаи табиат ва мардуми маҳаллӣ дарёфт кардан мумкин. Вале сабаби асосии ҷозибадории Соҳили Лоҷвардӣ – ин романтикаи баҳр, обу ҳавои офтобӣ ва хушҳолии он мебошад. Маҳз ба хотири романтика миллионҳо сайёҳон аз тамоми ҷаҳон ба Ривераи Фаронсавӣ парвоз мекунанд.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL), брокери аккредитатсияшудаи авиатсионие дорои таҷрибаи кории бисёрсола ва мизоҷони зиёди розибуда, шуморо даъват менамояд, ки Соҳили Лоҷвардиро дар шароити ҳузуру ҳаловати баландшуда ташриф оваред. Ба мизоҷони мо дастрасанд: иҷораи ҳавопаймои шахсӣ тибқи хоҳишҳои онҳо, трансфери ҳавоӣ то ба макони ҷойгиршавӣ, саёҳатҳои шавқовари чархболӣ аз болои ҷойҳои аз ҳама тадқиқнашудаю тааҷҷубовари Замини баҳримиёнагӣ.

Агар шумо дар ҳақиқат хоҳиши шиносшавӣ бо романтикаи Соҳили Лоҷвардӣ дошта бошед ва аз оворагии шаҳрҳои калон дилгир шудед, ташриф овардани Голф-Жуанро тавассути чархбол шитобед. Ин шаҳраки аутентии наздибаҳрие мебошад, ки дар дурии баробар аз Ниса ва аз Канн ҷойгир шудааст, аммо хатсайри чархболӣ тахминан панҷ дақиқаро талаб мекунад. Вале хотираҳо, бешубҳа, ба тамоми зиндагиатон мерасанд.

Саёҳати чархболӣ ба Голф-Жуан тадқиқоти бошукӯҳи кулли оилаатон, ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кӯдакон, хоҳад гашт. Худи шаҳр, майда бошад ҳам, бо он номдор мебошад, ки дар ин ҷо дар вақташ император Наполеон (зимни сафар аз Элба ба Порис) таваққуф дошта буд. Тариқи оинаҳои чархбол аз манзараҳои панорамавӣ сер шуда ва аз наздикӣ Канн, Нисса, Антиберо, ки дар байни мавҷҳои фирӯзаранг ба мисли «марҷонаҳо» ҷилва мекунанд, тамошо намуда, шумо ба Голф-Жуан «аз пайи Наполеон» андак саёҳат карда метавонед. Дар шаҳри мазкур дар трактири номдор хӯрок хӯрдан, майи тароватбахш ё қаҳваи рӯҳафзоро нӯшидан, мевагиҳо, панирҳою ҳасибҳои маҳаллиро чашидан, нимпайкараи императори машҳурро пайдо кардан, ба болои манораи зангӯла баромадан ва романтикаи ин шаҳраки майдаи провансалиро ба худ кашидан ва, пас, ба канори «мошинаи парравинтӣ» боз гашта баромадан мумкин аст.

Аз баландӣ шумо ба осонӣ ду бандари халиҷи Голф-Жуанро назар карда метавонед: яктояш яхтаҳои дар ҷаҳон аз ҳама базебтаринеро, ки дарозиашон 40 метрро ташкил дода метавонад, дарбар мегирад, дигараш – барои қаиқҳои нисбатан «хоксорона»-е дар шакли маҳаллии аутентӣ пешбинӣ шудааст.

 

Аз зебогии «ҷамилаҳои сапсафед» ҳаловат бурда, шумо, эҳтимолан, хоҳиш пайдо мекунед, ки яке аз ин яхтаҳоро ба чанд рӯз ё ҳатто ба як моҳ ба иҷора гиред – дар ин ҷода низ ба шумо дар «Кофранс Сарл» (ScanMarine TM) кӯмак мерасонанд.

 

Зебогиҳои гирдуатроф

Аз болои Голф-Жуан тавассути чархбол парвоз карда истода, шумо, ҳамчунин, саёҳатро ба Голф Жуан Валлорис ба нақша гирифта метавонед. Дар ин ҷо шумо ба романтикаи фаронсавии баҳримиёназаминӣ, на танҳо бо рӯҳ, балки бо бадан фурӯ рафта метавонед. Дар шаҳр шумораи бисёри марказҳои дайвингӣ фаъолият доранд ва барои намудҳои обии варзиш ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар болои сатҳи фирӯзаранг тавассути лижа ё тахта сайр кардан ва, ҳамчунин, баъди рӯзи пур аз воқеъа ҳамту оббозӣ кардану тароват гирифтан дар Голф Жуан Валлорис имконпазир аст. Ғайр аз ин, шаҳр бо ҳунари сафолотӣ машҳур мебошад ва шумо савғотиҳои болатофатро барои наздиконатон бурда метавонед.

Вале аз ҳама хотираи беҳамтои шумо бешубҳа саёҳати чархболӣ аз болои Соҳили Лоҷвардӣ дар Фаронса мегардад, ки зимни он AVIAV TM (Cofrance SARL) ба шумо кафолат медиҳад:

  • сервиси бенуқсон,
  • сифат ва ҳузуру ҳаловати сатҳи баландтарин,
  • одобу дақиқонаи сарнишин,
  • маҳфияти пурра,
  • нархҳои аз ҳама демократӣ.

 

Марҳабо ба канори чархбол ба ҷаҳони саргузаштҳо ва манзараҳои фантастикии Соҳили Лоҷвардӣ дар Фаронса!

 

t98books

Comments are closed.